Дар Тоҷикистон дар остонаи 19-умин солгарди истиқлоли кишвар, ки аз он 9 сентябр таҷлил мешавад, мақомоти интизомӣ ба ҳоли омодабош оварда шудаанд. Мақомоти расмӣ бар он таъкид доштанд, ки андешидани чунин тадобир ба як чорабинии маъмулӣ буда, дар остонаи ҷашни истиқлол аз он истифода бурда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи ҷиноӣ дар Тоҷикистон бадтар гаштааст. Зеро моҳи август аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ 25 зиндонӣ фирор карданд. Дар Хуҷанд ҳамлаи маргталабона сурат гирифт ва рӯзи панҷуми сентябр бар асари таркиши норинҷак дар як дискоклуби Душанбе чанд нафар захмӣ шудаанд.
Тақвияти тадобири амниятӣ дар рӯзи ҷашни истиқлол
Дастовардҳои 19 соли истиқлол
Агар ба таърихи ҷаҳон нигоҳ кунем мебинем, ки мардуми кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани истиқлолият муборизаҳои тулонӣ бурдаанд. Ҳатто дар имрӯз ҳам дар баъзе манотиқи ҷаҳон чунин муборизаҳо дида мешавад. Агарчӣ дар низоми навини ҷаҳонӣ камтар кишваре мустамлика боқӣ монда бошад ҳам, натоиҷ ва осори он то ҳанӯз боқӣ аст.
Кишвари мо низ аз ин қоида берун нест ва барои ба даст овардани истиқлолият баҳои сангине пардохт кардааст. Баъд аз истиқлолият бо дахолати бегонагон рӯзҳои душворе ба миллат ва кишвари мо бор карда шуд. Рӯзҳое, ки барои чанд насл чун кобус боқӣ ҳастанд ва барои ояндагон шояд ба афсона табдил шаванд. Хулоса бо вуҷуди тамоми мушкилот имрӯз дар арафаи ҷашнгирии 19 умин солгарди ҳамин истиқлол ҳастем. Ба ҳамин хотир мехостем аз чанд лиҳоз дастовардҳои ин истиқлолро баррасӣ намоем.
Агар воқеъан нигоҳ кунем бидуни шак метавонем бигуем, ки дастоварди нодир ва беҳтарини миллат ва кишвари мо дар замони истиқлол ин имзои созишномаи сулҳ аст. Дастоварде, ки аз умқи фарҳангу хиради миллӣ ва динии мо сарчашма мегирад. Дар воқеъ имзои созишномаи сулҳ буд, ки бори дигар миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва мардуми ҷаҳон донистанд, ки миллати мо ҳанӯз ҳам дорои хираду фарҳанги боло мебошад.
Дастоварди дигаре, ки дар замони истиқлол ба даст омадааст ин кушодашавии роҳҳои мошингард ва пулҳои иртиботӣ бо кишварҳои ҳамсояамон мебошад. Роҳҳо ва пулҳое , ки то ҳудуди зиёде мушкилоти кишварамонро осон кардаанд. Аҳамияти онҳо махсусан дар замони боздошти вагонҳои кишварамон дар кишвари ҳамсоя бараъло мушоҳида мешуд.
Дар ин муддат инчунин тасвиби қонуни асосӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ низ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол ба шумор мераванд. Зеро як қонуни нотамом ва номукаммал ҳам агар дар кишвар бошад ва амал кунад аз беқонунӣ беҳтар аст. Аммо дар масъалаи забон бояд гӯфт, ки агарчӣ мушкилот вуҷуд доранд аммо қадамҳои аслӣ бардошта шуданд. Ҳамин қадамҳои бузург буд, ки баъзе кишварҳои рақибро нигарон кард.
Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни наврӯз низ дастоварди бисёр муҳимми дигари миллат ва кишвари мо ба ҳисоб меравад. Дар сурате, ки дунё ба сӯи ҷаҳонишудан дар ҳаракат аст ва миллатҳои хурд бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд, чунин ҷашни фарҳангии таърихӣ метавонад ба мо кумаки бузурге намояд.
Хулоса даврони истиқлолият барои миллат ва кишвари мо дастовардҳои хуб ва зиёде доштааст, ки шояд натавонем ба ҳамаи онҳо бипардозем. Вале ба таври мухтасар ончиро ки муҳим менамуд баён кардем.
Аммо баъзе аз ин дастовардҳои мо ҳанӯз хом ва нопухта боқӣ мондаанд. Барои мисол барномаи сулҳи мо ба таври комил мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор нагирифтааст. Агар сулҳи мо мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирад ва ба дигарон ҳамчун як намунаи рафъи низоъҳо пешниҳод шавад, ҷойгоҳ ва мақоми миллат ва кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз ин ҳам болотар хоҳад рафт.
Мушкили дигар ин аст, ки мафҳум ва моҳияти истиқлолият дар миёни наслҳои нави мо ҷойгоҳи воқеии худро пайдо накардааст. Ба ин маъно, ки мардуми мо истиқлолиятро як ҷашни давлатӣ медонанд на миллӣ. Бояд ҳар як шахс истиқлолиятро аз они худ ва барои худ бидонад ва онро хуб ҷашн бигирад. Ин эҳсос бояд дар наслҳои нав эҷод карда шавад. То онҳо низ ҷашни истиқлолро ҷашни худ бидонанд ва бо тамоми вуҷуд дар он ширкат кунанд. Барои ин кор бояд тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ талош намоянд ва бо ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ намоянд.
Бо вуҷуди тамоми мушкилот ва камбудиҳои мавҷуд бузургтарин дастоварди истиқлолият ин ҳифзи сарзамине ба номи Тоҷикистон аст. Сарзамини офтобиву зебое, ки дар зери осмонаш имрӯз озодона нафас мекашем. Пас ҳар яки мо барои ҳифзи ин сарзамин ва пешрафти он бояд талош намоем.
Бо умеди рӯзе, ки ҳамаи мардуми кишварамон таҳаммулпазирӣ, рақобати солим, оянданигарӣ ва ояндасозиро шиори худ созанд.
Истиқлолият муборак ҳамватанони азиз!
Бобоҷони Қаюмзод
Ширкати сафирони наҳзат дар озмуни Созмони ҷавонони мавсум ба «Миллат»
Тайи чанд рӯзаст, ки намояндагони ҲНИТ дар Русия бо аъзо ва ҳаводорони ҳизб дидор ва мулоқот доранд. Ин барнома дар асоси тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ роҳандозӣ мешавад. Намояндагони ҳизб дар манотиқи мухталифи Руссия муҳочирини тоҷикро бо моҳи Рамазон ва фарорасии Иди фитр табрик гуфта, аз вазъи буду боши онҳо огоҳи пайдо кардаанд. Ин гуна дидору мулоқотҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Перм, Уфа, Казон Твер, СанкПетербург ва Маскав баргузор гардиданд.
Тавре ба мушохида расид, муҳоҷирин дар нисбати таҳаввулоти кишвари хеш ва фаъолияти аҳзоби сиёси таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест ки ду се сол пеш ин гуна таваҷҷӯҳ эҳсос намешуд. Намояндагони ҳизб бештар сари огоҳмандии муҳочирин аз қонунҳои Руссия, эҳтиром гузоштан ба онҳо ва ҳифзи ахлоқи миллӣ ва мазҳабии хеш дар кишвари бегона тазаккур доданд. Барои муҳочирин дар ин моҳи шариф бештар сӯҳбатҳои фарҳангӣ ва маъвизаҳо маъкул афтоданд. Ва чунин ба назар мерасид, ки муҳочирин ниёзманди ин гуна сӯҳбатҳо буданд. Дар шаҳри Маскав бо ташаббуси Созмони ҷавонони тоҷики Руссия бо номи "Миллат" рӯзи 5.09.10 ва дастгирии Шӯрои муфтиёти Русия озмуни байналмилалии Қуръон баргузор гардид, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон, Қиргизистон, Узбакистон ва Афгонистон ширкат доштанд. Шумори қориён 40 нафарро ташкил медод. Доварон аз ду тарзи ширкат дар озмунро натиҷагирӣ карданд, яке таҷвид ва дигаре ҳифз. Мутаносибан ғолибони озмун қори Суҳроби Мир, муазини масҷиди ҷомеъи Хиёбони мири Маскав ва Убайдуллохи Кароматуллоҳ аз ҳифз дониста шуданд. Аз ҷониби Созмони ҷавонони тоҷики Руссия -"Миллат" тамоми ширкаткунандагони озмун мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд. Ва ғолибони озмун бо компутар ва ДВД мукофотонида шуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки барандагони ин озумуни бонуфӯз ҳар ду фарзадони фарзонаи Тоҷикистон буданд.
Анбӯҳи зиёди дӯстдорони каломи Худовандӣ аз он шаҳодат медод, ки дар мардуми тоҷик дар ғариби ба сар баранд ҳам аз фарҳанги миллӣ ва мазҳабии хеш дур нестанд. Ба хусус вақте ҳайати доварон, ки дар ҳайати се нафар: тоҷик, тотор ва араби яманӣ таъсис ёфта буд, ки эшон аз исломдӯстии тоҷикон сухан мекарданд, ифтихор моро фарогир буд.
Ҳ. Сайфуллозода ш. Маскав
Идомаи амалиёти боздошти фирориён
Бино ба иттилоои расонаҳои мунташиршуда дар натиҷаи амалиёти муштараки нерӯҳои интизомии Тоҷикистон як нафар сарбози Горди миллии Тоҷикистон ҳалок гардидааст. Оҷонси Азия плюс бо такя ба манобеъи худ нигошта, ки амалиёти боздошти фирориён дар Ваҳдату Файзобод ва дараи Ромит идома дорад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷо эҳтимол то шаш нафар фирориён паноҳ бурда бошанд. Бино ба иттилоъи расида, фирориён алайҳи нерӯҳои давлатӣ муқобилат нишон медиҳанд. Бо кушта шудани як нафари дигар аз сарбозони давлатӣ аз ин амалиёти пурмоҷаройи фирор теъдоди кушта шудагон ба 6 нафар расид. Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз ин фирори пурасрор танҳо Иброҳим Насриддинов собиқ зиндонии Гуантанамо ва Абдурасул Мирзоев бародари Ғаффор Мирзоев боздошт гардиданд.
Сафорати Амрико тоҷиконро бо рӯзи Истиқлол табрик намуд
Сафорати ИМА дар Душанбе бо табрики Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон хоҳони он гаштааст, ки ҳамкориҳои ин кишвар бо давлати Тоҷикистон тақвият меёбад. Сафорати Амрико дар як нома солгарди 19-уми истиқлолияти Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфтааст. Рӯзи 9 сентябр дар саросари кишвар аз истиқлолият ҷашн гирифта мешавад.
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL















