Исроил эълон дошта, ки аз ҳамкорӣ бо комиссияи таҳқиқии «Новагони озодӣ» худдорӣ менамояд. Дар робита ба ин хадамоти матбуоти ҳукумати Исроил эълон дошта, ки Исроил дар комиссиюне, ки ба бозпурсии ҳарбиён машғул мешавад, иштироки худро қатъ менамояд. Ёдовар бояд шуд, ки расонаҳо бо такя ба сарчашмаҳои Исроил навиштанд, ки гӯё байни СММ ва Исроил мувофиқа ба даст омада, то иштирокчиёни ҳарбии ҳамла ба киштии «новагонӣ озодӣ» бозпурсӣ нагарданд. Аммо дарбири кулли СММ Пан Ги Мун ин даъвоҳоро рад намуда, баён дошт, ки Комиссия вобаста ба салоҳияти дар ихтиёр доштааш, аз ҷумла низомиёни дар ҳамла иштирок доштаро бозпурсӣ менамояд.















