Исроил дар куштори Рафиқ Ҳарирӣ даст дорад

E-mail Нашр кардан PDF

Додситони додгоҳи махусус дар робита ба террори Рафиқ Ҳарирӣ  нахуствазири Лубнон  Даниэл Белмар аз «Ҳизбуллоҳ» даъват намудааст, ки далоили худро дар мавриди даст доштани Исроил дар қатли Рафиқ Ҳарирӣ  дар ихтиёри  Додгоҳ бигзорад. Дар баёния гуфта мешавад, ки тамоми аснод дар ин маврид санҷида хоҳанд шуд.  Мавриди зикр аст, ки чанд рӯзи пеш дабири кулли ҳаракати муковимати «Ҳизбуллоҳ» Ҳасан Насруллоҳ эълон дошт, ки Исроил дар қатли Ҳарирӣ даст дорад. Бо пахши наворҳое аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Исроил ёд шуда, ки дар он шабу рӯз ҳарими ҳавойи Лубононро вайрон кардаанд. Ва ҳам тасовире аз фаъолияти ҷосусони Исроил дар атрофи хонаи Рафиқ Ҳарирӣ ба намоиш гузошта шудааст. Гуфтанист Рафиқ Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон дар як террор бо ҷамъи 22 нафар ба ҳалокат расида буд.

Назари худро нависед