Баҳси бенатиҷаи Душанбеву Тошканд

E-mail Нашр кардан PDF

Сафорати Узбекистон ба хабаргузории Регнум иттилооъ додааст, ки маълумоти бархе масъулини Тоҷикистон дар бораи боздошти қатораҳояш дар ҳудуди ин кишвар асоси воқеӣ надорад. Гуфтанист, даъвои сафорати Узбекистон аввалин маротиба набуда, чанде пеш  сафири ин кишвар дар Тоҷикистон соҳибмансабони тоҷик ва расонаҳои хабариро низ барои ироаи маълумоти бардурӯғ  муттаҳам кард. Баҳси қатораҳои Тоҷикистон бо Узбекистон тақибан  беш аз нисол идома дошта, то ҳоло бидуни натиҷа мондааст.  Узбекистон  даъвои таъмири роҳи вайроншударо дорад, ки бинобар он вуруди қатораҳо мушкил гардидааст. Вале чониби Узбекистон ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди бозсозии роҳи таъмирталаб посухе надодааст. Мақомоти Тоҷикистон эълон доштаанд, ки аз боздошти қатораҳо ба иқтисоди кишвар хисороти  ҷиддие расидааст.

Назари худро нависед