BBC: Интиқоди ҲНИТ ва давлати Тоҷикистон аз Исроил

E-mail Нашр кардан PDF
Ҳамла

Гуфта мешавад дар пайи ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба киштиҳои имдодӣ дасти кам даҳ нафар кушта шудаанд

Ҳамзамон бо интиқодҳои густардаи байналмилалӣ аз ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба корвони кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ин ҳамларо башиддат маҳкум кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, яке аз фаъолони ҲНИТ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки шӯрои сиёсии ин ҳизб рӯзи сешанбеи 01 июн дар ҷаласаи худ ҳаводиси рухдода бо киштии имдодрасонӣ дар обҳои Медитаронаро, ки ба Навори Ғазза мерафт, мавриди баррасӣ қарор дода ва дар баёнияе аз ҷомеъаи байналмилалӣ хостааст омилони ин ҳамларо муҷозот кунад.

Дар ин баёния аз ҷумла омадааст: "Шӯрои сиёсии ҲНИТ амалиёти нерӯҳои низомии Исроилро болои ин корвон, ки ба ҳалокати 16 нафар аз ҳомиёни ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар мунҷар шуд, маҳкум мекунад."

Ин ҳизб, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, дар баёнияи худ навиштааст, ки ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ ба корвони имдодгарон "бори дигар собит намуд, ки Исроил пойбанди ягон санаду меъёри байналмилалӣ набуда, ҳамагуна созишномаҳоро нодида мегирад ва хоҳони амнияту субот дар минтақаи Ховари Миёна нест."

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) ва Созмони Кунфронси Исломӣ (СКИ) хостааст, ки бо "ин амали ғайриинсонии режими Исроил" бархӯрди ҷиддӣ намоянд ва "гунаҳкорони ин ҷиноят" ба маҳкама кашида шаванд.

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, фаъолони ин ҳизб ҳамчунин хостори он шудаанд, ки ҷомеъаи байналмилалӣ давлати Исроилро маҷбур кунад, то ба муҳосираи минтақаи Ғаззаи Фаластин хотима бахшад.

Ин ҳизб, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва мунтақиди давлат ба шумор меояд, ҳамчунин дар баёнияи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар мақоми "раёсати шӯрои вазирони умури хориҷаи СКИ" ва "бо назардошти таъкиди президенти ҷумҳурӣ ба заъфи СКИ дар ҳалли қазияи Фаластин" ба намояндагӣ аз мардуми мусалмони Тоҷикистон ин "амали ваҳшиёнаро" маҳкум намояд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин аз мардуми мусалмони ин кишвар, бахусус маркази исломии Тоҷикистон ва имомони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта хостааст, ки "бо дуъоҳои худ ҳамдилӣ ва ҳамбастагии худро бо мардуми азияткашидаи Фаластин" иброз доранд.

Зимнан, давлати Тоҷикистон низ ҳамлаи мусаллаҳона ба киштиҳои имдодӣ ба Ғаззаро маҳкум кардааст.

Дар баёнияе, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе интишор дод, омадааст, ки ин ҳамла ба киштиҳое, ки барои расондани ёрии башардӯстона ба навори Ғазза раҳсипор буданд, "хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ" сурат гирифтааст.

Акбари Тӯраҷонзода

Оқои Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки масъулони ҳамлаи Исроил ба киштиҳои имдодӣ бояд ба додгоҳ кашида шаванд

Вазорати умури хориҷа зимни таъкид ба нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз ин ҳодиса, изҳори умедворӣ кардааст, ки ин амал, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, "мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи" Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Акбари Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни саршинос ва узви собиқи порлумони Тоҷикистон, ҳамлаи маргбори кумондуҳои исроилӣ ба корвони дарёии озими Ғаззаро "амале теруристӣ ва роҳзанӣ" унвон кард.

Вай дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: “Коре, ки Исроил кард, ин як амали теруристӣ, иръобӣ ва роҳзании ошкоро аст. Зеро ин ҳодиса дар обҳои байналмилалӣ алайҳи киштиҳои кишварҳои мухталиф, ки узви Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд, рух дод”.

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, сабаби аслии даст задани Исройил ба ин амал пуштибонии Омрико аз ин кишвар аст. Зеро ба бовари вай, Исроил масъулияте барои аъмоли худ эҳсос намекунад.

Вай афзуд: “Исройил ба Лубнон ҳамла кард, навори Ғаззаро бумборон кард, аз силоҳҳои мамнӯъ алайҳи сокинони онҳо истифода кард. Вале азбаски Омрико ва бархе аз кишварҳои урупоӣ аз ин кишвар пуштибонӣ мекунанд, аз ҳеҷ як масъулияти байналмилалӣ ҳарос надорад."

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, “Исроил худро болотар аз қавонини байнналмилалӣ гузоштааст ва ҳар чӣ мехоҳад, анҷом медиҳад”.

Вай афзуд, ҳоло фурсате расидааст, ки Исроил барои аъмоли ҷиноии худ ба ҷавобгарӣ ва муҳосира кашида шавад. Оқои Тӯраҷонзода гуфт: “Шахсони масъули Исроил, ки барои анҷоми чунин аъмол дастур додаанд, бояд ба додгоҳи байналмилалӣ кашида шаванд”.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки раёсати ин ҳизб машғули таҳияи баёнияе ҳастанд, ки ин ҳодисаро шадидан маҳкум мекунад.

Зимнан, кумондуҳои исроилӣ дар киштиҳои ҳомили маводди имдодӣ барои Навори Ғазза пиёда шудаанд ва манобеъи исроилӣ аз эҳтимоли кушта шудани беш аз даҳ тан дар ин амалиёт хабар додаанд. Беш аз 600 нафар аз фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, диплумотҳои собиқ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумлаи сарнишинони ин киштиҳо будаанд.

Бомдоди душанбеи 31 май шабакаҳои телевизиюнии Туркия тасовире аз амалиёти кумондуҳои артиши Исроилро нишон доданд, ки аз чархбол дар теъдоде аз шиноварҳои ҳомили маводди имдодӣ, ки ба қасди шикастани муҳосираи иқтисодии Борикаи Ғазза озими ин минтақа буданд, пиёда шуда буданд.

"BBC"

Назари худро нависед