Аз дур шудан аз Худо битарсед

E-mail Нашр кардан PDF

Дар дузах агар васли ту бар чанг ояд,
Моро зи ҳоли биҳиштиён нанг ояд.
Гар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд,
Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Ҳамаи мо як ҷумла ё ибораро хеле зиёд шунидаем ва он дар замири мо аз кўдаки ҷой гирифтааст ва яке аз таҳкурсиҳои аслии афкор ва боварҳои мо ба шумор меравад, он ҷумла ё ибора чизе нест ба ҷуз тарс аз Худо. Мо ҷабборият ва қаҳҳорияти Худоро инкор намекунем, зеро онро зиёд шунидаем ва мешунавем, аммо аз раҳмату меҳрубонии Худо камтар мешунавем.


Мардум дар ҷомеаи мо одат кардаанд, ки вақте бихоҳанд ба фарзандони худ Худоро бишносонанд, қабл аз ҳар чизе ҷабборият ва қаҳҳорияти ўро баён мекунанд,
Дар ин кор ба ҳадде ғулув ва зиёдаравӣ мекунанд, ки гоҳе кўдак фикр мекунад, ки Худо бо як чўб ҳар лаҳза дар таъқиби ў буда, агар як қадам беҷо бардорад Худо бо чўб ба сараш мезанад, ин тарс сабаб мешавад, ки кўдак нохоста аз Худо дурӣ ҷўяд ва бо фикри кўдаконаи худаш ҳамаи корҳои бадро дар пинҳонӣ анҷом медиҳад, ба ин манзур, ки Худо ўро намебинад. Натанҳо дар кўдакон ҳатто дар миёни калонсолони мо низ номутавозинии ин амр машҳуд аст.
Инҷо суоле ба миён меояд, ки оё тарс ба инсон оромиш мебахшад ва ё оромиши инсонро аз байн мебарад? Тарс ҳеҷ гоҳ барои касе оромбахш набудааст.
Пас ин тарсе, ки аз Худо дар ҷомеаи мо мегўянд бо ин гуфтаи Худо чигуна ҷамъ меояд, ки: «ало би зикриллоҳи татмаинну-л- қулуб», яъне бо ёди Худо дилҳо ором мегиранд.
Ҳоло биёед ба тарс аз Худо аз зовияи дигар нигоҳ кунем. Агар мо Худоро дуруст бишносем ва онгуна, ки худаш гуфтааст меҳрубонтарини меҳрубонон, паноҳи бепаноҳон, наздиктар аз раги гардан ва чигунае, ки расули акрам (с) гуфтааст: «меҳрубонтар аз модар» бидонем , вақте аз ў дур шудем метарсем. Барои исботи ин гуфта биёед ба ин чанд нукта фикр кунем.
1-    Вақте Одаму Ҳавво ба хотири хўрдани «дарахти мамнуа» аз биҳишт берун шуданд, чаро Худованд ба онҳо тавбаро омўхт ва баъд тавбаи онҳоро пазируфт.
Бозо бозо тавба шикасти бозо!
Гар кофару габру бутпарастӣ бозо!
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, бозо!
2-    Чаро Худованд дар Қуръон гуфтааст: « инналлоҳа яғфиру-з-зунуба ҷамиъан илло ширк», яъне Худо ҳамаи гуноҳҳоро, ба ҷуз  ширк мебахшад.
3-    Чаро дар қисмати саввуми шаб ба осмони дунё меояд ва мегўяд: «куҷост дуокунандае, ки дуояшро иҷобат кунам »?
4-    Чаро мегўяд: «уҷибу даъвата доъи изо даъони» иҷобат мекунам дуои касеро, ки маро дуо кунад.
5-    Чаро паёмбар (с) фармуданд : «Худованд барои бандагонаш аз модар меҳрубонтар аст».                                                      
Агар ба ин гуфтаҳо дуруст фикр кунем, мебинем, ки Худованд мехоҳад бандагонашро аз оташ наҷот диҳад ва дар воқеъ мехоҳад бандагонашро вориди биҳишт намояд.
Барои равшантар шудани мавзўъ шумо модар ва кўдакро дар назар бигиред. Агар кўдак гуноҳе анҷом диҳад, модар мегўяд: «ман туро дўст намедорам, ман модари ту нестам, ман аз пеши ту меравам», дар воқеъ кўдак аз дур шудан аз модар метарсад, ки аз гуфтаи ў берун намеравад, на аз шахсияти модар, зеро ў дар канори модар оромиш ва осоиши худро ёфтааст ва оғўши модар амнтарин макон барои кўдак аст. Пас агар мо Худоро меҳрубонтар аз модар бишносем ва даргоҳи ўро амнтарин макон дарёбем, ру ба суи даргоҳи ў меоварем ва аз дур шудан аз худо метарсем. Модар кўдакро аз даст задан ба чизҳои гарм манъ мекунад, зеро кўдак намедонад чойники гарм, утюг, шамъ ва ғайра сўзанда ҳастанд, аммо модар хуб медонад, ки даст задан ба ин васоил барои кўдак чи натиҷае дар пай дорад. Худованди бузург низ оқибати корҳои моро медонад, ба ҳамин хотир як гурўҳ қонунҳо ва муқарраротро барои мо таъйин кардааст, ки баъзеи онҳо дар зиндагии мо ҳамчун филтр амал мекунанд, ки боз ҳам далели бахшандагӣ ва меҳрубонии ўянд.
Барои мисол дар назар бигиред, ки Худованд гуфтааст: «иннал ҳасанот юзҳибна-с-сайиот», яъне корҳои хуб корҳои бад ё ҳамон гуноҳҳо(и сағира)-ро аз байн мебаранд. Баъд барои мо ҳамон ҳасанотро чун филтрҳои тозакунанда, тавре ҷобаҷо кардааст, ки дар тўли умр мо яке пас аз дигаре аз онҳо бигзарем, то дар оташ насўзем. Ҳоло ба ин филтрҳо таваҷҷуҳ намоед.
1-    дар тўли рўз Худованд барои мо филтрҳоеро қарор додаст ба исми намозҳои панҷгона, ки агар мо аз ин филтр гузаштем гуноҳҳои сағираи мо бахшида мешаванд ва аз байн мераванд.
2-    Дар тўли ҳафта мерасем ба намози ҷумъа, ки он низ барои аз байн бурдани қисми дигаре аз гуноҳонамон хизмат мекунад.
3-    Дар давоми сол боз рўзаи моҳи шарифи рамазонро барои мо ба унвони як поккунандаи комил ба армуғон гузоштааст ва чуноне ки Расул (с) мефармояд: « ҳар кӣ ин моҳро аз рўйи имон ва ихлос рўза бигирад, гуноҳҳои гузаштаи ў бахшида мешавад».
4-    Барои пок кардани иқтисодиётамон дар як сол закотро васила қарор додаст, то аз ин роҳ низ мо қисми дигаре аз гуноҳонамонро аз байн бибарем.
5-    Дар тўли умри инсон бошад, филтри бисёр пешрафта ва поккунандаи қавии дигареро қарор додаст ба исми ҳаҷ(ҷ), ки агар касе аз ин филтр дуруст бигзарад тамоми гуноҳони ў бахшида мешавад.
Ғайр аз ин дигар аъмоле низ вуҷуд доранд, ки барои поксозии инсон хизмат мекунанд. Мисли тавба, намози шаб, дуои падару модар ва ғайра, ки  Худованд онҳоро барои мо ҳадя додаст, то ба василаи онҳо аз оташи ҷаҳаннам худро наҷот диҳем.
Оё ба фикри шумо аз чунин Худои меҳрубоне фақат бояд тарсид?
Оё наметавон чунин Худоеро аз молу ҷон ҳам бештар дўст дошт?
Оё чунин Худое аз ҳама кас барои банда меҳрубонтар, бахшандатар ва ғамхортар нест?
Оё даргоҳи чунин Худое амнтарин ҷо барои як инсони мўъмин нест?
Оё ба ғазаб овардани чунин Худои хубу меҳрубоне аз рўйи инсоф аст?
Пас ҳама дасти дуо ба суйи ў бардоред ва бигўед:
«Эй Худои хубу меҳрубон, эй Худои бахшандаву дастгир, эй паноҳи бепаноҳон, эй офаринандаи кавну макон, эй рўзидиҳандаи ҷондору беҷон, эй донандаи ошкору ниҳон ва эй он, ки ҳамаи ҳастӣ мадюни лутфу меҳрубонии туст. Дари лутфу меҳрубониятро бар рўйи мо бикшой ва моро аз раҳматат бенасиб нагардон»!
Омин ё раббал оламин!



Назари худро нависед