Вохурии намояндагони омузишии сафорати Амрико бо ҷавонони ҲНИТ

E-mail Нашр кардан PDF

Имрӯз баъд аз зуҳр дар қарор гоҳи ҳнит вохурии намояндагони сафорати Амрико бо ҷавонон баргузор гардид.  Дар ин вохурӣ намояндагони омузишии сафорат барномаҳои таълимии Амрико дар Тоҷикистонро ба ҷавонон шарҳ доданд. Аз ҷумла дар бораи барномаи кор ва сафар дар Амрико барои донишҷуён табодули назар сурат гирфт. Масъулони сафорат таъкид намуданд ки дар гушаи Амрико барномаҳои хоссе барои муколимаи забони англисӣ вуҷуд дорад вале барномаи омузишии хос нест. Ҷавонон метавонанд аз китобҳо ва брашураҳои мавҷуд дар ин гуша ба таври ройгон истифода намоянд. 
Дар охир саволу ҷавоб миёни ҷавонон ва кормандони сафорат сурат гирифт.

Назари худро нависед