Интиқоди вазири мудофиаи Лубнон аз Амрико

E-mail Нашр кардан PDF

Вазири мудофиаи Лубнон бино ба гузориши хабаргузориҳо дар нишасти хабарие таъкид доштааст, ки кишвараш ба хотири кӯмаки ИМА наметавонад шартҳои ин кишварро қабул намояд.  Бино ба гузориши PressTV   вазири мудофиаи Лубнон  дар ин замина баён дошта, ки «агар ИМА ба хотири кӯмак аз дифоъ ва ҳимояти марзаш Лубнонро бозмедорад, пас метавонад,  бараи кӯмак ба ин кишвар маблағи худро сарф накунад. Аммо  мо ба муқобили Исроил ҳамоно истодагарӣ давом хоҳем дод»  Гуфтанист, пас аз даргирие байни сарбозони Лубнон ва Исроил ИМА  кӯмаки 100 миллион долларии низомияшро барои Лубнон лағв намуд.




Назари худро нависед